«Истиқлол» -барандаи Ҷоми «Баҳористон»
Душанбе, 19.02.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо гирифтани 15 имтиёз аз панҷ дидор барандаи Ҷоми «Баҳористон» гардид.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар дод, Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон», ки то 23-уми феврал идома мекунад, дастаи «Истиқлол” дар ҳамаи дидораш ба дастаҳои «Хайр» бо ҳисоби 3-0, «Далерон-Ӯротеппа» бо ҳисоби 4-1, ҳайати дувуми дастаҳои қазоқ «Оқтеппа» бо ҳисоби 6-1, «Қизилҷар» бо ҳисоби 2-1ва “Жетису” бо ҳисоби 6-2 ғалаба кард ва бо гирифтани 15 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд ва новобаста аз бозиҳои боқимондаи мусобиқа соҳиби Ҷоми осоишгоҳи «Баҳористон» гардид.
Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷараён дошта, дар он бошгоҳҳои футболи Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, иштирок мекунанд.
Дар ин вохӯриҳо дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бар ҳайати дуюми «Жетису»-и Талдиқӯрғон бо ҳисоби 4-0 ғолиб омада, бо 10 имтиёз ҷои дувумро соҳиб шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон се дастаи лигаи олӣ — «Истиқлол»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат , «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва се клуб аз Қазоқистон — «Жетису»-и Талдиқӯрғон, «Оқтеппа»-и Оқтеппа ва «Қизилҷар»-и Петропавловск иштирок мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






