«Истиқлол» тамринҳояшро дар Суғд оғоз кард

Февраль 5, 2014 11:20

Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Рӯзи 3-юми феврали соли равон аъзои дастаи “Истиқлол” барои оғози тамринҳо ба вилояти Суғд сафар карданд.Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии ин даста хабар додааст, тамринҳои тим дар шаҳри Қайроққум муддати ду ҳафта идома карда, чанд бозии санҷишӣ бо дастаҳои вилояти Суғд ва Қазоқистон анҷом дода мешаванд. Ҳайати дастаи «Истиқлол» аз 22 нафар иборат мебошад: дарвозабонон- Алишер Туйчиев, Силванус Эванс, ҳимоятгарон — Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Глаубер Да Силва, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров, нимҳимоятгарон — Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дэвид Мауто, Виллер Соуза Оливейра, Дилшод Восиев, Умедҷон Шарипов, Хуршед Маҳмудов.Ҳамлагарон — Комил Саидов, Жосимар Насименто, Ромиш Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Эргашев, ки аз бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 баргаштанд, шашуми феврал ба ҳайати тим мепайванданд.

Февраль 5, 2014 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш