Истифода аз системаи ягонаи «Онлайн»
Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз системаи ягонаи «Онлайн» — и Хадамоти федералии муҳоҷират беш аз 77 ҳазору 121 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор шуданд. Аз ҷумлаи онҳо ба 9 ҳазору 340 нафарашон хабар дода шуд, ки сафарашон ба ҳудуди Федератсияи Русия манъ шудааст. Истифодаи системаи мазкур дар Фурудгоҳи ьбайналмилалии Душанбе имкон дод, ки 6 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА чун захираҳои молиявии шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардад. Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2013 аз ин хусус хабар дод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2013 фоидаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 73 миллион сомониро ташкил дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






