Истифодаи усули ҳисоби ғайринақдӣ дар БМТ

Февраль 6, 2014 11:25

Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Дар  ҷаласаи   навбатии   гурӯҳи  корӣ  барои  дидани  чораҳо ҷиҳати   коҳиш  додани  ҳаҷми пули нақд ҳангоми  муомилоти  тиҷоратӣ,  хариду  фурӯши  маҳсулот  ва  хидматрасонӣ, ки  дар Бонки  миллии  Тоҷикистон  баргузор  гардид,   масоили  марбут ба  истифодаи  усули  ҳисоби  ғайринақдӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
 
Тавре  ки  аз  хадамоти  матбуоти  Бонки  миллии  Тоҷикистон  ба   мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  иштирокдорони  ҷаласа дар  робита бо  ин  чораҳои  марбут ба  вусъат  додани   усули  ҳисоби  ғайринақдӣ  тавассути  кортҳои  пардохти  бонкӣ,  истифодаи   моделҳои   имконпазири  банкинги  мобилиро, ки   намояндагони   вазорату  кумитаҳо ва  ташкилотҳои  масъулиятнок  пешниҳод  кардаанд,  муҳокима  намуданд.
 
Тасмим  гирифта шуд, ки  лоиҳаи  ҳуҷҷати  меъёрӣ  дар  бораи  тадбирҳои оид ба  вусъат  бахшидани  усули ҳисоби  ғайринақдӣ  тавассути  кортҳои  пардохти  бонкӣ  бо назардошти  тағйироту  иловаҳо  такмил  дода шавад.
 
 

Февраль 6, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад