Истифодаи усули ҳисоби ғайринақдӣ дар БМТ
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ барои дидани чораҳо ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд ҳангоми муомилоти тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хидматрасонӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, масоили марбут ба истифодаи усули ҳисоби ғайринақдӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа дар робита бо ин чораҳои марбут ба вусъат додани усули ҳисоби ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохти бонкӣ, истифодаи моделҳои имконпазири банкинги мобилиро, ки намояндагони вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои масъулиятнок пешниҳод кардаанд, муҳокима намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи ҳуҷҷати меъёрӣ дар бораи тадбирҳои оид ба вусъат бахшидани усули ҳисоби ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохти бонкӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо такмил дода шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






