Изҳороти расмии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр»
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» бо мақсади ҷилавгирии ҳар гуна овозаю иттилооти бардурӯғ изҳор менамояд, ки 2 феврали соли 2014 соати 7 ва 25 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳавопаймои Airbus A320 – и ширкат, ки дар хатсайри Маскав — Кӯлоб парвоз менамуд, дар шароити мураккаби обу ҳаво ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб фуромада, сипас бар асари лағжиш пояи пеши чархаш зарар дид. Аз байни мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо касе осеб надидааст. Алҳол аз ҷумлаи мутахассисони Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» бо роҳбарии муовини роҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёт Рашид Додобоев комиссия таъсис дода шудааст, ки ин ҳодисаро тафтиш менамояд.
Воқеан, шароити мураккаби обу ҳаво дар фурудгоҳи минтақаи Қӯрғонтеппа ҳам ба фаъолияти ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» таъсири манфӣ расонид. Бориши шадиди барф, ки ду шабонарӯз боз идома дорад, ба парвози ҳавопаймоҳо халал мерасонад. 2 феврал ҳавопаймои ширкат, ки дар хатсайри Санкт — Петербург — Қӯрғонтеппа парвоз мекард, бинобар шароити мураккаби обу ҳаво ба ҷойи таъиншуда нишаста натавониста ва ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишаст.
Ҳамаи мусофирон аз тағйир ёфтани ҷадвали парвозҳо воқиф гардида, пешниҳод шудааст, ки онҳо чиптаҳояшонро ба хазинаҳои ширкат супоранд.
Ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» барои халалдор шудани ҷадвали парвозҳо аз ҳамаи мусофирони худ маъзарат мехоҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






