Китоб- равшангари дилҳо

Февраль 12, 2014 10:30

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзҳои 27-ум- 28 –уми феврали соли ҷорӣ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявӣ  таҳти унвони «Китоб- равшангари дилҳо» доир мегардад.
Семинари мазкур ба баргузории «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» бахшида шуда, дар он тамоми директорони китобхонаҳои вилоятӣ , мутахассисон оид ба китобҳо , шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо , китобдорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ширкат меварзанд.
Ба иттилои Қурбоналӣ Афғонов, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар назар аст дар ин семинар ҳамчунин вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсуддин Орумбеков, раиси Бунёди адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим ва дигар шахсони алоқаманд иштирок намоянд.
 
 
 

Февраль 12, 2014 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад