Коргардони Русия ба Душанбе меояд
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Коргардони Театри академии драмаи ба номи Н.Охлопкови шаҳри Иркутск Надежда Славная барои рӯи саҳна овардани намоишномаи «Ҳикояҳои пешинаи Антоша Чехонте» аз рӯи асарҳои Антон Чехов ба шаҳри Душанбе меояд.
Мувофиқи суханони директори Театри драмаваи русии ба номи Маяковский Сӯҳроб Мирзоев, Надежда Славная, ки 20 март вориди шаҳри Душанбе мешавад, намоишномаи зикршударо аз рӯи барномаи Иттифоқи ходимони театрии Федератсияи Русия рӯи саҳна меорад.
«Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки коргардонҳои ҷавон маҳорати худро такмил диҳанд. Барои ин озмун доир карда шуд, ки дар он 26 нафар иштирок доштанд. Театри мо дар ин озмун мавзӯи классикаи русро интихоб карда буд. Дар натиҷаи озмун қарор дода шуд, ки Надежда Славная барои рӯи саҳна овардани асари классикӣ ба шаҳри Душанбе ояд», — гуфт Сӯҳроб Мирзоев.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






