Коргардони Русия ба Душанбе меояд

Февраль 21, 2014 15:03

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Анна  Мошенко).- Коргардони  Театри  академии драмаи ба  номи Н.Охлопкови  шаҳри  Иркутск  Надежда  Славная  барои  рӯи  саҳна овардани   намоишномаи «Ҳикояҳои пешинаи  Антоша Чехонте» аз  рӯи  асарҳои  Антон  Чехов  ба  шаҳри  Душанбе  меояд. 
 
Мувофиқи  суханони  директори Театри  драмаваи русии ба  номи Маяковский  Сӯҳроб  Мирзоев,  Надежда  Славная, ки  20  март вориди шаҳри Душанбе мешавад,  намоишномаи  зикршударо  аз  рӯи  барномаи  Иттифоқи  ходимони  театрии Федератсияи  Русия  рӯи  саҳна  меорад. 
 
«Барномаи  мазкур  имкон  медиҳад, ки коргардонҳои  ҷавон  маҳорати  худро  такмил  диҳанд. Барои  ин  озмун  доир  карда шуд, ки дар  он  26  нафар  иштирок доштанд. Театри  мо  дар  ин  озмун   мавзӯи  классикаи  русро  интихоб  карда буд. Дар натиҷаи  озмун  қарор  дода шуд, ки   Надежда  Славная  барои рӯи  саҳна  овардани  асари  классикӣ  ба  шаҳри  Душанбе ояд», —  гуфт  Сӯҳроб  Мирзоев. 

Февраль 21, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад