Коргоҳи тавлиди азоти моеъ
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- 24 феврал дар заминаи Пажӯҳишгоҳи физикию техникӣ коргоҳи тавлиди азоти моеъ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки муовини директори пажӯҳишгоҳ Алимаҳмад Холов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, коргоҳи нав дар як соат 30 литр азот тавлид менамояд.
Мувофиқи суханони Алимаҳмад Холов, пештар ин маҳсулот барои эҳтиёҷоти пажӯҳишгоҳ истифода шуда, ҳоло дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рӯи кор оварда мешавад. Масалан, Вазорати кишоварзии кишвар ҳар сол ба 40 тонна азоти моеъ зарурат дорад.
Қобили зикр аст, ки корхонаи тавлиди азот бинобар мавҷуд набудани маблағ соли 1992 фаъолияташро қатъ карда буд. Барои барқарор намудани коргоҳ 50 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
«Мо барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ на фақат азот, балки оксиген ҳам тавлид менамоем, ки барои ин таҷҳизоти зарурӣ ва заминаи техникӣ дорем», — қайд намуд Алимаҳмад Холов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






