Коргоҳи тавлиди азоти моеъ

Февраль 25, 2014 13:22

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Екатерина  Пасторова).- 24  феврал дар  заминаи  Пажӯҳишгоҳи  физикию  техникӣ коргоҳи тавлиди   азоти  моеъ мавриди  истифода қарор  гирифт. Тавре  ки  муовини   директори  пажӯҳишгоҳ  Алимаҳмад Холов ба  АМИТ «Ховар»  хабар дод, коргоҳи  нав  дар  як  соат 30  литр  азот тавлид  менамояд.
 
Мувофиқи  суханони   Алимаҳмад  Холов,  пештар  ин  маҳсулот барои  эҳтиёҷоти  пажӯҳишгоҳ  истифода шуда, ҳоло  дар  ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  ҷумҳурӣ рӯи  кор  оварда  мешавад.  Масалан,  Вазорати  кишоварзии кишвар  ҳар сол  ба 40  тонна азоти  моеъ  зарурат  дорад. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  корхонаи  тавлиди  азот  бинобар  мавҷуд  набудани  маблағ  соли  1992   фаъолияташро  қатъ  карда буд.  Барои  барқарор  намудани  коргоҳ  50  ҳазор  сомонӣ  сарф  шудааст.
 
«Мо  барои эҳтиёҷоти  ҷумҳурӣ  на  фақат  азот,  балки  оксиген  ҳам  тавлид  менамоем, ки барои  ин  таҷҳизоти  зарурӣ  ва  заминаи техникӣ  дорем», —  қайд  намуд  Алимаҳмад  Холов. 

Февраль 25, 2014 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд