Корхонаи хурд дар Муҳоҷиробод

Февраль 4, 2014 12:04

Фархор, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов).- Дар  ноҳияи  Фархор  сохтмони  боғи  фарҳангию  фароғатӣ ба  маблағи  6943,18  ҳазор  сомонӣ,  осорхона  ба  маблағи  2850, 44 ҳазор  сомонӣ, китобхонаи марказии  ноҳия ба маблағи  2020, 88  ҳазор  сомонӣ  ва дигар  иншоотҳои  хурду  бузург   мавриди  истифода  карор  дода шуда,  корҳои  сохтмонӣ  дар дигар    иншоотҳои  ноҳия   идома доранд, — гуфт   зимни   нишасти  матбуотӣ  раиси  ноҳия  Раъно  Мирзоева. 
Ба  гуфтаи  манбаъ,  маблағи  умумии  корҳои  сохтмонӣ  16 млн 364 ҳазору 450  сомониро  дар бар  гирифта, бо  сифати  баланд ба  анҷом  расонида   шудаанд. Бо дастгирии  соҳибкор  Диловар  Муҳиддинов  дар  деҳаи  Муҳоҷирободи  ҷамоати   деҳоти  Дарқад  корхонаи   хурди  саноатии  истеҳсоли  шағал ва  қум  ба  миқдори 250 метри  мукааб дар  як   шабонарӯз  бо  сарфи 600 ҳазор сомонӣ  маблағ  ба истифода  дода   шуд,  ки дар  корхона  беш  аз  50  нафар   бекор  ба кор  ҷалб  гардид.
 

Февраль 4, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад