Корхонаи хурд дар Муҳоҷиробод
Фархор, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи Фархор сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ ба маблағи 6943,18 ҳазор сомонӣ, осорхона ба маблағи 2850, 44 ҳазор сомонӣ, китобхонаи марказии ноҳия ба маблағи 2020, 88 ҳазор сомонӣ ва дигар иншоотҳои хурду бузург мавриди истифода карор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоотҳои ноҳия идома доранд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Раъно Мирзоева.
Ба гуфтаи манбаъ, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 16 млн 364 ҳазору 450 сомониро дар бар гирифта, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Бо дастгирии соҳибкор Диловар Муҳиддинов дар деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад корхонаи хурди саноатии истеҳсоли шағал ва қум ба миқдори 250 метри мукааб дар як шабонарӯз бо сарфи 600 ҳазор сомонӣ маблағ ба истифода дода шуд, ки дар корхона беш аз 50 нафар бекор ба кор ҷалб гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






