Коррупсия ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст

Февраль 28, 2014 13:08

Душанбе, 28. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини сардори агентии мазкур генерал-майори адлия Миллопар Бандишоев оид ба мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии он сухан гуфт. Аз ҷумла, зикр намуд, ки дар баробари терроризм ва экстремизм, коррупсия низ ба як хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бояд пурзӯр  шавад.
Дар хотимаи вохӯрӣ байни маърӯзачиён ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ музокираҳо сурат гирифтанд. 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 
 

Февраль 28, 2014 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд