Кумаки фаврии наҷотдиҳандагон

Февраль 28, 2014 14:37

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз 26 то 28 феврали соли равон бо мақсади сайқал додани малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ- наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шуд. 
Ин машқҳо дар ду давра ҷараён гирифта, даври аввал омӯзонидани ҳайати шахсии ҷузъу томҳои фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба истифодаи мошинҳои махсуси ҳозиразамон бо таҷҳизоти муҷаҳҳазгардидаро дар ҳолатҳои фавқулода ташкил дод. 
Даври дуюми машқҳо дар пойгоҳи маркази таълимию методии кумита баргузор гардид. Дар он кормандони кумита ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Дар назди ҷамъомадагон дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии қисми низомии 45045-и кумита бо техникаҳои муҷаҳҳазгардида, аз қабили мошинҳои Нива, Газел, Уаз ва Камаз дар  пойгоҳи Маркази таълимию методӣ корҳои наҷотдиҳиро намоиш доданд. 
Дар ҷараёни машқҳо наҷотдиҳандагон  малакаи худро ҳангоми заминларза намоиш дода, ҷабрдидагонро аз таги харобаҳо бароварда, кормандони тиббии кумита  дар ҷои ҳодиса ба ҷабрдидагон кӯмаки аввал расониданд. 
Муовини раиси кумита генерал майор Рустам Шоев гуфт: «Имрӯз мо имкон дорем дар муддати кутоҳ ба макони ҳолатҳои фавқулода расида, корҳои наҷотдиҳиро оғоз намоем. Ҳарчанд инсон дар назди ҳолатҳои табиӣ оҷиз аст, вале барои рафъ ва пешгирии он кумита  корҳои бисёреро анҷом додааст. Дар оянда мо ният дорем техникаҳои муҷаҳҳази иктишофӣ ва барои кормандони тиб техникаи  мобилӣ дастрас намоем». 
Тавре ки баён гардид, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар айни замон  чархбол надорад, вале кумита бо Вазорати мудофиаи ҶТ нақшаи ҳамкорӣ дорад  ва ҳангоми зарурат  аз чархболҳои ин вазорат метавонад истифода намояд. Ба қавли Р.Шоев машқҳои имрӯза қаноатбахш гузашта, ба онҳо баҳои хуб дода шуд. 
 

Февраль 28, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд