Кумаки фаврии наҷотдиҳандагон
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз 26 то 28 феврали соли равон бо мақсади сайқал додани малакаи касбии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи зимистонаи тактикии махсус оид ба корҳои кофтуковӣ- наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Ин машқҳо дар ду давра ҷараён гирифта, даври аввал омӯзонидани ҳайати шахсии ҷузъу томҳои фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба истифодаи мошинҳои махсуси ҳозиразамон бо таҷҳизоти муҷаҳҳазгардидаро дар ҳолатҳои фавқулода ташкил дод.
Даври дуюми машқҳо дар пойгоҳи маркази таълимию методии кумита баргузор гардид. Дар он кормандони кумита ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Дар назди ҷамъомадагон дастаҳои зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Маркази наҷотдиҳӣ ва ҳайати шахсии қисми низомии 45045-и кумита бо техникаҳои муҷаҳҳазгардида, аз қабили мошинҳои Нива, Газел, Уаз ва Камаз дар пойгоҳи Маркази таълимию методӣ корҳои наҷотдиҳиро намоиш доданд.
Дар ҷараёни машқҳо наҷотдиҳандагон малакаи худро ҳангоми заминларза намоиш дода, ҷабрдидагонро аз таги харобаҳо бароварда, кормандони тиббии кумита дар ҷои ҳодиса ба ҷабрдидагон кӯмаки аввал расониданд.
Муовини раиси кумита генерал майор Рустам Шоев гуфт: «Имрӯз мо имкон дорем дар муддати кутоҳ ба макони ҳолатҳои фавқулода расида, корҳои наҷотдиҳиро оғоз намоем. Ҳарчанд инсон дар назди ҳолатҳои табиӣ оҷиз аст, вале барои рафъ ва пешгирии он кумита корҳои бисёреро анҷом додааст. Дар оянда мо ният дорем техникаҳои муҷаҳҳази иктишофӣ ва барои кормандони тиб техникаи мобилӣ дастрас намоем».
Тавре ки баён гардид, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар айни замон чархбол надорад, вале кумита бо Вазорати мудофиаи ҶТ нақшаи ҳамкорӣ дорад ва ҳангоми зарурат аз чархболҳои ин вазорат метавонад истифода намояд. Ба қавли Р.Шоев машқҳои имрӯза қаноатбахш гузашта, ба онҳо баҳои хуб дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






