Кумитаи корҳои дин тендер эълон мекунад!

Февраль 26, 2014 11:02

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ “Ховар”). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани либоси ягона барои зоирони тоҷик дар мавсими “Ҳаҷ-2014” миёни корхонаву муассисаҳои дахлдори ватанӣ тендер эълон менамояд.  Дар ин бора сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дод. Ба иловаи номбурда номгӯи либос ва шартҳои ҷузъии тендерро довталабон метавонанд пас аз пешниҳоди дархост дастрас намоянд. Баргузории тендер 10-уми марти соли 2014 пешбинӣ шудаву пешниҳодоти довталабон то 7-уми март қабул мешаванд. 
Суроға: шаҳри  Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14. Тел: 223-12-58
Дар тӯли солҳои охир сатҳу сифати хизматрасониҳо барои зоирин дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба маротиб боло рафтааст ва яке аз ин бартариҳо ин аст, ки соли гузашта барои нахустин бор  дар баробари зоирони дигар кишварҳо зоирони тоҷик низ  соҳиби либоси ягона ва дорои нишонаҳо ва парчами Тоҷикистон буданд. 
 

Февраль 26, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш