Курсиҳои Маҷлиси миллӣ пурра гардиданд
Душанбе, 27.02.2014.( АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо Қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, Фарҳод Раҳимов, ки дар як вақт раисии Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба уҳда дорад, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ интихоб шуд. Ҳамзамон Имомёрбек Қаландарбеков-ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Саидбурҳон Абдураҳмонзода -раиси ноҳияи Дарвоз узви Кумитаи мазкур интихоб гардиданд.
Инчунин Давлатшо Гулмаҳмадов-ки раиси вилояти Хатлон аст, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ва Рустам Латифов-раиси ноҳияи Восеъ узви ин кумита интихоб гардид. Амирзода Раҳмоналӣ Амир, ки бо Фармони Президенти кишвар узви Маҷлиси миллӣ таъйин гардидааст ва Табарзода Бобоалӣ Муродалӣ-раиси шаҳри Турсунзода аъзои Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб шуданд.
Ҳамзамон Усмон Сабзов-раиси ноҳияи Ҳисор, Хайрулло Сафаров -собиқ раиси шаҳри Норак ва Худоёр Худоёров, ки қаблан дар вазифаи муовини вазири нақлиёти кишвар ифои вазифа мекард, узви Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб гардиданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб, собиқ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдуғаффор Раҳмонов ба узвияти Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа пазируфта шуд.
Инчунин Амирзода Раҳмоналии Амир, Имомёрбек Қаландарбеков ва Усмон Сабзов — дар як вақт узви Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур интихоб шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






