Лату кӯби раиси тарабхона аз ҷониби донишҷӯён
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки кормандони милитсия панҷ нафар донишҷӯи Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо гумони авбошӣ дастгир намуданд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар тарабхонаи «Садбал», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни донишкадаи номбурда Ҷовид Рӯзиев, соли таваллудаш 1994, Саидшараф Сангинов, соли таваллудаш 1995, Муҳаммадалӣ Сангинов, Ҷамшед Ёқубов ва Мурод Сангинов, ки соли таваллудашон 1993, сокинони ноҳияи Мастчоҳ буданд, тартиботи ҷамъиятиро аз ҳиссиёти авбошӣ дағалона вайрон карда, раиси тарабхонаи «Садбал» Абдураҳмон Ғафуров, соли таваллудаш 1983 ва корманди тарабхона Алишер Ғафуров, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷандро лату кўб намудаанд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






