Лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаи нави «SECRET: Ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва маҳбусони собиқ дар Тоҷикистон» дар ҳошияи Барномаи «Ибтикори Аврупо дар бахши демократия ва ҳуқуқҳои инсон» — ро дастгирӣ намуд.
Тавре ки аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаро Пажӯҳишгоҳи ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи олмонии донишгоҳҳои халқӣ якҷоя бо ду шарики маҳаллӣ аз ҷумлаи Созмони ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният» ва Созмони ҷамъиятии «Ҷаҳон» рӯи кор меорад. Лоиҳаро Комиссияи Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкорӣ ва рушди иқтисодии Олмон маблағгузорӣ менамоянд.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳраки Норак (маҳбаси занонаи №3), ҳамчунин дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа тайи 24 моҳ амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳа ба рушду тақвияти демократия ва волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои асосӣ дар Тоҷикистон бо василаи беҳдошти дастрасӣ ба таҳсилоти занони маҳбус мусоидат мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






