М.Ҳабибуллоев роҳбарии «Регар – ТадАз» — ро боз ба ӯҳда гирифт
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) Маҳмадҷон Ҳабибуллоев боз мансаби мураббии қаҳрамони ҳафткараи ҷумҳурӣ клуби «Регар – ТадАз» — и шаҳри Турсунзодаро ба ӯҳда гирифт.Клуби «Регар – ТадАз» дар охири ҳафтаи гузашта бо роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба омодагирӣ ба мавсими нав шурӯъ кард. Хотирнишон месозем, ки М.Ҳабибуллоев аз ин пеш аз соли 2001 то моҳи июли соли 2013 роҳбари дастаи «Регар – ТадАз» буд. Қобили зикр аст, ки дастаи «Регар – ТадАз» дар мавсими соли гузашта бо 33 хол дар ҷадвали мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол ҷойи чорумро касб намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






