М. Раҳимов: «Консепсияи сиёсати ҳуқуқию ҷиноятии ҶТ таҳия шуд»

Февраль 6, 2014 15:14

     Душанбе, 6.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- «Дар соли сипаригардида Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ, тафсири қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрас  намудани иттилооти ҳуқуқӣ як зумра корҳоро ба анҷом расонид»,- иброз намуд дар оғози нишасти матбуотӣ Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон.
     Тибқи иттилоъ, маркази мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо  ва дар ҳамин замина бартараф кардани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 240 лоиҳаи қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаи байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 1200 таклифу пешниҳодро дар бар мегирад. Кормандони марказ дар ҳайати зиёда аз 26 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона ширкат намуда, дар зиёда аз 40 конфронси илмию амалӣ, мизи мудаввар ва семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок карданд.
     Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби кормандони марказ ҳамчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқию ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 тасдиқ карда шуда, 8 тафсир ва як силсила китобҳо нашр шуданд.
   Бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои байналмиллалӣ дар соли гузашта директори  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Институти давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. 
 

Февраль 6, 2014 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад