М. Раҳимов: «Консепсияи сиёсати ҳуқуқию ҷиноятии ҶТ таҳия шуд»
Душанбе, 6.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- «Дар соли сипаригардида Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ, тафсири қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрас намудани иттилооти ҳуқуқӣ як зумра корҳоро ба анҷом расонид»,- иброз намуд дар оғози нишасти матбуотӣ Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон.
Тибқи иттилоъ, маркази мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо ва дар ҳамин замина бартараф кардани мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 240 лоиҳаи қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаи байналмилалӣ хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 1200 таклифу пешниҳодро дар бар мегирад. Кормандони марказ дар ҳайати зиёда аз 26 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона ширкат намуда, дар зиёда аз 40 конфронси илмию амалӣ, мизи мудаввар ва семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок карданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби кормандони марказ ҳамчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқию ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 тасдиқ карда шуда, 8 тафсир ва як силсила китобҳо нашр шуданд.
Бо мақсади таҳким ва рушди муносибатҳои байналмиллалӣ дар соли гузашта директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Институти давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






