Мақоми парлумон дар идораи маблағҳои буҷавӣ

Февраль 21, 2014 15:02

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- «Ғайримарказикунонии  фискалӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон: дастовардҳо,   омилҳои  асосӣ,  тадбирҳои  минбаъда» — чунин  буд  мавзӯи  мизи  мудаввар, ки  бо  ибтикори Котиботи назди Кумитаи иқтисод ва  молияи Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  дар  шаҳри  Душанбе баргузор гардид. 
 
Тавре  ки  аз Котиботи  назди  Кумитаи  иқтисод  ва  молияи  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  мақсад  аз  ин  чорабинӣ  мусоидат  ба  татбиқи   самарабахши   ислоҳот дар  бахши  идораи   маблағҳои давлатӣ  бо  усули такмили  муносибатҳои  байнибуҷавӣ  мебошад. 
 
Дар  ҷараёни  мизи  мудаввар  маводҳои  тадқиқот  аз  рӯи ғайримарказикунонии  фискалӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  манзури  ҳозирон  карда шуданд. Тадқиқот  аз  ҷониби  мушовири  байналмилалӣ  Пол  Бернд  Шпан  бо  фармоиши Котиботи назди Кумитаи иқтисод ва  молияи Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  сурат  гирифтааст. Мушовири байналмилалӣ  зимни  суханрониаш  аҳамияти  ислоҳот  дар  бахши  идораи маблағҳои   давлатӣ, ҳамчунин  баланд бардоштани  мақоми Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  ҶТ  дар  идораи  маблағҳои  буҷавиро  хотирнишон  сохт. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  Ҳукумати  Тоҷикистон  барои  таъмини рушди  босуръати  иқтисодиёти кишвар  ва баланд  бардоштани  сатҳи   зиндагии  аҳолӣ  барномаи  махсуси  ислоҳотро   роҳандозӣ  менамояд.  Яке  аз  мақсадҳои  асосии   рушди  миллии  Тоҷикистон  иборат  аз  ташкили  низоми   самарабахши  идораи   давлатӣ  ба шумор  меравад. Низоми идораи  маблағҳои давлатӣ  дар   ҳошияи барномаи  мазкур   мақоми  хоса  дорад.  Стратегияи  идораи   маблағҳои давлатӣ  ду  бахши   афзалиятноки  ислоҳоти ғайримарказикунонии  фискалиро  дар бар  мегирад, ки онҳо  бояд  то  соли  2018  дар  амал татбиқ  шаванд. 
 
Дар  ин  чорабинӣ  намояндагони  ҳамаи  кумитаҳои  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳамчунин намояндагони Бонки  умумиҷаҳонӣ  ширкат  доштанд. Чорабинии  мазкур  ба  иштирокдорони он  имкон  дод, ки  натиҷаи  тадқиқотро   мавриди муҳокима  қарор  дода,  перомуни самтҳои  минбаъдаи  такмили  муносибатҳои   байнибуҷавӣ  тавсияҳо  ироа  намоянд.
 

Февраль 21, 2014 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад