Мақоми парлумон дар идораи маблағҳои буҷавӣ
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Ғайримарказикунонии фискалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, омилҳои асосӣ, тадбирҳои минбаъда» — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки бо ибтикори Котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки аз Котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин чорабинӣ мусоидат ба татбиқи самарабахши ислоҳот дар бахши идораи маблағҳои давлатӣ бо усули такмили муносибатҳои байнибуҷавӣ мебошад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар маводҳои тадқиқот аз рӯи ғайримарказикунонии фискалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирон карда шуданд. Тадқиқот аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Пол Бернд Шпан бо фармоиши Котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ сурат гирифтааст. Мушовири байналмилалӣ зимни суханрониаш аҳамияти ислоҳот дар бахши идораи маблағҳои давлатӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақоми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар идораи маблағҳои буҷавиро хотирнишон сохт.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барномаи махсуси ислоҳотро роҳандозӣ менамояд. Яке аз мақсадҳои асосии рушди миллии Тоҷикистон иборат аз ташкили низоми самарабахши идораи давлатӣ ба шумор меравад. Низоми идораи маблағҳои давлатӣ дар ҳошияи барномаи мазкур мақоми хоса дорад. Стратегияи идораи маблағҳои давлатӣ ду бахши афзалиятноки ислоҳоти ғайримарказикунонии фискалиро дар бар мегирад, ки онҳо бояд то соли 2018 дар амал татбиқ шаванд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ширкат доштанд. Чорабинии мазкур ба иштирокдорони он имкон дод, ки натиҷаи тадқиқотро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни самтҳои минбаъдаи такмили муносибатҳои байнибуҷавӣ тавсияҳо ироа намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






