Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2014 18:51

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Зимни он ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк тасдиқ карда шуд.
Сипас ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ дар ҳолати то якуми январи соли 2014 шунида шуд. Тавре зикр гардид, ҳудуди Тоҷикистон аз 14 миллиону 255,4 ҳазор гектар иборат буда, аз он 750 ҳазор га замини обӣ аст. Ҳаҷми заминҳои обӣ дар як соли охир 339 га зиёд шудааст. Ҳамзамон заминҳои корами обӣ 3095 га кам шуда, майдони боғҳои бисёрсолаи обӣ 4110 га афзудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 15 ҳазор га заминҳои партов ва аз худ намудани заминҳои нави корам тавассути обёрӣ кардани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таҳти раёсати Муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа бори дигар дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон комилан аз байн бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъватӣ аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад.
Лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯй”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин консепсияро санади муҳим ва мутобиқ ба талаби замон номида, масъулини соҳаро ба татбиқи босамари он, аз ҷумла истифодаи васеъ аз дастовардҳои илму техникаи муосири кишоварзӣ ҳидоят намуд.
Сохтори нав ва низомномаи як қатор вазорату идораҳо тасдиқ карда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд барои тақсим намудан ба аҳолии ниёзманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ 60 га замин ҷудо карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва ҳамчунин кушодани гузаргоҳ ва бозори наздисарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастуру ҳидоятҳо дод.
Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таҷлили Рӯзи модар ва истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии Наврӯз дода шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва моликияти давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 26, 2014 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!