Маҷлиси машваратӣ дар ҳузури М. Ҷабборӣ
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ маҷлиси машваратӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Маҷлисро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оғоз намуда, таъкид дошт, ки миллати куҳанбунёди мо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.
«Аксарияти ин маросимҳо ҳамчун як рукни фарҳанги миллии мо қабул шуда, вале бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шакливу маъноӣ дучор шуда, бештар моҳияти зиёфат ва таъом доданро ба худ гирифтааст», — тазаккур дод муовини Сарвазир.
М. Ҷабборӣ иброз дошт, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз қонунҳои бунёдӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Вақт ҳамчун довари бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонун иқдоми хирадмандона буда, на танҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба таври назаррас ҳифз кард.
Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои маҷлис қарори марбута қабул гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






