Маблағгузорӣ ҷиҳати донишандӯзии ҷавонон
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013-2015» мизи мудаввар бо иштироки шарикони иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар соли 2013 маблағгузории «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар сатҳи ҷумҳурӣ 5 млн. 099 ҳазору 800 сомонӣ пешбинӣ гашта, 2 млн. 429 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳо 621 ҳазору 500 ҷавон бо иттилоот, дониш, малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуд, ки 40% ё 249 ҳазору 780 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар соли 2014 маблағи умумии лоиҳаҳои дастгиригардида 305 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 17% маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






