Мактаби прапоршикҳо ба фаъолият шуруъ кард

Февраль 14, 2014 14:31

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ, аз моҳи январи соли равон дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби омодакунии прапоршикҳо таъсис дода шуд ва аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ раванди таълиму тарбия дар ин мактаб оғоз гардид.
Дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки муддати якуним сол дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки дар айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар маркази таълимии мазкур аз рӯйи 8 ихтисос- старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зенитиву ракетӣ мутахассисон омода мешаванд. Пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддат хатмкунандагони он вобаста ба ихтисос ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Бояд гуфт, ки таълим дар мактаби омодакунии прапоршикҳо 4 моҳро дар бар гирифта, донишҷӯён ҳангоми таҳсил бо стипендия таъмин  мешаванд. Вобаста ба дарсҳои тахассусӣ дар маркази таълимӣ доир ба ҳар як ихтисоси пешбинишуда афсарони пуртаҷрибаи соҳа ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. 

Февраль 14, 2014 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад