Мактаби прапоршикҳо ба фаъолият шуруъ кард
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ, аз моҳи январи соли равон дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби омодакунии прапоршикҳо таъсис дода шуд ва аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ раванди таълиму тарбия дар ин мактаб оғоз гардид.
Дар курсҳои таълимии мактаби мазкур сарбозоне, ки муддати якуним сол дар сафи Артиши миллии кишвар хизмат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки дар айни ҳол дар эҳтиёт мебошанд, дар асоси шартномаи тарафайн ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар маркази таълимии мазкур аз рӯйи 8 ихтисос- старшинаи рота, тирандози савора дар техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, мошинҳои ҷангии пиёданизом, танк, сардори анбор, механики авиатсионии ҳавопаймо ва чархбол, сардори радиостансия ва стансияҳои радиолокатсионӣ, техник-сардори дастаи зенитиву ракетӣ мутахассисон омода мешаванд. Пас аз анҷоми курсҳои кӯтоҳмуддат хатмкунандагони он вобаста ба ихтисос ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шуда, бо ҷои кор таъмин мешаванд.
Бояд гуфт, ки таълим дар мактаби омодакунии прапоршикҳо 4 моҳро дар бар гирифта, донишҷӯён ҳангоми таҳсил бо стипендия таъмин мешаванд. Вобаста ба дарсҳои тахассусӣ дар маркази таълимӣ доир ба ҳар як ихтисоси пешбинишуда афсарони пуртаҷрибаи соҳа ба таълимгирандагон дарс мегӯянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






