Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази илм ва фарҳанги Русия («Россотрудничество») дирӯз конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар шароити фазои бисёрфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ» кори худро оғоз намуд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни конфронс беш аз 36 масъалаи мубрами маълумоти бисёрфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар шароити муосир мавриди баҳс қарор дода мегиранд. Дар конфронс инчунин иштироки мутахассисон, коршиносону олимони соҳа аз кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Федератсияи Русия дар назар дошта шудааст.
Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз конфронс кори худро дар ду самт: такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ дар заминаи ҳамгиро дар фазои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар шароити ғайризабонӣ дар муҳити бисёрфарҳангӣ идома медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






