Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 19 феврал дар шаҳри Пекин машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Чэн Гопин роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманди гуногунсоҳа ва таҳкими шарокати стратегӣ байни ду кишвари ҳамҷавор таъйид карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари хуб ба Пекин муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Н. Зоҳидов ҳамчунин бо Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Д. Ф. Мезентсев мулоқот доир намуд. Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ, ки дар соли 2014 дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар кишвари мо баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






