Масъулин дар ташкили мағозаҳои китоб бемасъуланд?

Февраль 21, 2014 11:53

 Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). — Хушбахтона, солҳои охир  дар шаҳри Душанбе теъдоди мағозаҳои фурӯши китоб хеле афзуд. Масалан, дар як худи кӯчаи Рӯдакӣ зиёда аз 8 адад мағозаҳои  фурӯши китоб ва маводи канселярӣ мавҷуд аст.
Гузашта аз ин, Китобхонаи миллӣ,  ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар хизмати дӯстдорони илму маърифат аст.
Вале, мутаассифона дар ноҳияҳои гирду атроф мағозаҳои фурӯши китоб тадриҷан ба коми нестӣ рафта истодаанд. Дар яке аз ноҳияи калонтарини мамлака — Рӯдакӣ ҳамагӣ як мағоза, ки теъдоди китобҳояш шояд аз ҳазор ҳам беш нест, мавҷуд аст.
Дар ноҳияи Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода низ  аҳвол чунин аст. То ба ин ҳол омадан шояд аз бемасъулиятии масъулон бошад?

Февраль 21, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш