Милитсияи нақлиёт 59 яроқи оташфишонро мусодира кард

Февраль 13, 2014 11:12

     Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Тибқи иттилоъ, соли сипаригардида аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (РВКДН) 3 ҳазору 464 вайронкунии қонунгузории маъмурӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 733 ҳолат зиёд мебошад. Зикр намудан ба маврид аст, ки аз шахсоне, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, 108 ҳазору 826 сомонӣ ҷарима ситонида шудт.
    Аз маълумот бармеояд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ 960 ҷасад  аз дигар давлатҳо ворид шудааст, ки аз ин шумора 86 ҷасад бо сабаби куштор ворид гардидааст.
    Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.1994.  дар соли гузашта кормандони милитсияи нақлиёт 59 адад яроқи оташфишон мусодира карданд. Ин шаҳодат он аст, ки баъзе шахсон ҳанӯз ҳам яроқҳои оташфишонро ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд, ки ин ҳолат, албатта, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор мешавад.   
 
 
 

Февраль 13, 2014 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд