ММТ президентӣ шуд
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми ҶТ бароварда шуда, минбаъд ҳамчун муассисаи давлатии назди Президенти Тоҷикистон амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки фармони Президент таҳти №138 ва моддаи 69-уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Ин тасмими ниҳоӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 21.02.2014 баргузор гашт, эълон шуд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарияти Маркази миллии тестӣ иваз гашт. Хуршед Тешаев директор ва Савзалӣ Ҷаъфаров ба вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки аз оғози соли ҷорӣ бори аввал дар мактабҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон усули марказонидаи тестии имтиҳоноти давлатӣ ба роҳ монда шуда, яке аз ҳадафҳои асосии он таъмини арзёбии шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми дохилшавӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз 1-уми март то 15-уми апрели соли ҷорӣ бақайдгирии довталабон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ оғоз мегардад.
Дар ин бора Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст






