Моҳе саршор аз чорабиниҳои фарҳангӣ
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба муносибати фарорасии идҳои баҳорӣ тасмими баргузории як силсила чорабиниҳоро дорад.
Бино ба иттилои Ҳабиб Сулаймонӣ, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг 23- юми феврали соли равон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи калони консертӣ таҳти роҳбарии коргардон Набӣ Ҷалол доир мегардад.
Ҳабиб Сулаймонӣ инчунин гуфт, ки бахшида ба Рӯзи Модар низ чорабиниҳои идона дар назар дошта шудаанд.
Маврид ба ёдоварист , ки рӯзи 11 — уми март ҳамчун рӯзи матбуот ҳамасола таҷлил мешавад ва вобаста ба ин 11 — уми марти соли ҷорӣ дар Театри академӣ — драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар: Зикруллоҳ Ҳакимов, Меҳринигори Рустам, Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов ва дигарон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки барои ходимони матбуот мукофот ва ҷоизаҳо тақдим карда мешавад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






