МОИ дар рушди иқтисодиёт чӣ нақш доранд?

Февраль 6, 2014 15:46

Душанбе, 6.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) мамлакат  41 ширкат ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, тибқи нақшаи тиҷоратии ин ширкатҳо бояд зиёда аз 830 миллион сомонӣ сармоя ворид гардида, беш 2 ҳазор ҷойи корӣ ташкил шавад. 
Дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ 6 феврал иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз наздик ба 500 ҷойи корӣ ташкил шуда, беш аз 31,2 млн. сомонӣ сармоя ворид гардидааст. 
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Неъматҷон Бӯриев зикр намуд, ки: «Агар дар соли 2012 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ 9 ширкат ба кор оғоз карда, ба маблағи беш аз 17 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, пас дар соли 2013-ум 13 ширкат фаъолияти худро оғоз намуда, ба маблағи 41,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст».     
 

Февраль 6, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш