Муҳоҷирон аз хидмати касбии адвокатҳо бархӯрдоранд
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бинобар афзудани муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҶТ, як нафар адвокат (ҳимоягар) дар маркази Намояндагии оид ба муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР воқеъ дар шаҳри Маскав ба кор шурӯъ намуд, ки ӯ мустақиман ба хидматрасонии адвокатӣ машғул мешавад.
Роҳбари Намояндагӣ Асрор Одинаев ин ибтикоротро шарҳ дода, зикр намуд, ки яке аз мақсадҳои муҳими фаъолияти муассиса иборат аз расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. «Мо бо назардошти ин бо мақомоти давлатии Федератсияи Русия, аз ҷумла бо Хадамоти федералии муҳоҷирати он, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратураи ин кишвар зич ҳамкорӣ менамоем. Вале бо назардошти хусусияту мураккабияти проблемаҳои ҳамватанонамон, ҳалли баъзеи онҳо вобаста ба хидматрасонии адвокатҳо мебошад, ки имрӯз онҳоро ба қадри имкон ҳал менамоем», — зикр намуд Асрор Одинаев.
Мувофиқи суханони Асрор Одинаев, ин лоиҳа ба шарофати дастгирии молиявии Маркази созмони байналмилалии муҳоҷират воқеъ дар Маскав имконпазир гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






