Муҳокимаи масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Созишномаи транзит ва савдо

Февраль 14, 2014 15:18

Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 12  феврал  дар шаҳри  Душанбе  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи «Пайвастаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Созишномаи  транзит ва  савдо»  баргузор гардид. Дар  ин  бора  аз  Палатаи  савдо  ва  саноати ҶТ  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.
 
Мақсад  аз  ин  мулоқот  муҳокимаи   вазъу   дурнамои  пайвастани  Тоҷикистон   ба Созишномаи  транзит  ва  савдо,  ҳамчунин  рафъи  монеаҳо  ҳангоми   интиқоли  амволи  транзитӣ ва имконияти   рушду  тақвияти  равобити  тиҷорати  хориҷӣ  дар  минтақа  буд. 
 
«Ҳукумати  Тоҷикистон  барои  таъмини  интиқоли  амвол чӣ  дар  дохили  кишвар ва чӣ  бо  усули  транзит саъю  кӯшиши   зиёдеро ба  харҷ  медиҳад,  —  гуфт  муовини   раиси  ПСС ҶТ  Лариса  Кислякова.  
 
Хотирнишон  месозем, ки Афғонистону  Покистон соли  2010  ёддошти  ҳусни  тафоҳум  дар  мавриди  тиҷорати транзитиро   имзо  карда буданд.
 
Пайвастани  Тоҷикистон ба   созишномаи  мазкур  имконияти бо  хароҷоти  камтарин  мустақиман  ба  бандарҳои  Гвадару Карочи  ва Ҳиндустон роҳ  пайдо  намудани  бахши  инфиродии  ҷумҳуриро  фароҳам оварда,  вақти  интиқоли  амволро  тавассути қаламрави  давлатҳои  зикршуда кӯтоҳ  меозад. 
 
Ба  манзури   рушди  муколамаи   байниминтақавии  бахши  инфиродӣ  ва  ҳавасмандгардонии  содирот  ва  мусоидат ба   савдои  берунӣ  тасмим  гирифта  шуд, ки Комиссияи  кории   машваратӣ  таъсис  дода шавад. 
 

Февраль 14, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш