Муҳокимаи масоили ҳамкории ҶТ ва ҶИА
Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Бунафша Одинаева бо директори шӯъбаи оид ба масоили минтақавии Дафтари Осиёи Ҷанубию Марказии Департаменти давлатии ИМА Стивен Фагин баргузор гардид.
Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ ва вазъияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, ҳамкорӣ бо афсарони умури алоқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бо афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз рӯи масоили ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар ҳамкории зич доранд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тибқи хабари манбаъ, масоили ҳамкории мақомоти ҳифзи хуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дурнамои рушди Агентии назорати маводи нашъаовар низ муҳокима шуданд.
Стивен Фагин саъю кӯшишҳои агентиро, ки мақсад аз онҳо танзими фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар аст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






