Муҳокимаи масоили ҳамкории ҶТ ва ҶИА

Февраль 5, 2014 15:08

Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова).- Имрӯз  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  муовини   директори Агентии  назорати  маводи  нашъаовари   назди  Президенти  ҶТ  Бунафша  Одинаева  бо  директори  шӯъбаи   оид ба  масоили  минтақавии  Дафтари  Осиёи  Ҷанубию  Марказии  Департаменти давлатии  ИМА  Стивен Фагин  баргузор гардид.
 
Назар  ба  хабари  маркази  матбуоти  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар,  дар ҷараёни  мулоқот  масоили  рушди   ҳамкории  дуҷониба  дар   мубориза бо  гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъаовар  баррасӣ ва вазъияти  сарҳади  Тоҷикистону  Афғонистон,  аз  ҷумла,  ҳамкорӣ бо   афсарони  умури  алоқаи Вазорати корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон, ки бо   афсарони  Агентии  назорати  маводи нашъаовари назди Президенти  ҶТ  аз  рӯи  масоили  ҷилавгирии  қочоқи   маводи  нашъаовар  ҳамкории  зич доранд,  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
 
Тибқи  хабари  манбаъ,   масоили   ҳамкории  мақомоти  ҳифзи  хуқуқ  ва  сохторҳои  қудратии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  бахши  мубориза  бо  гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовар  ва   дурнамои  рушди Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  низ  муҳокима  шуданд.
 
Стивен Фагин  саъю  кӯшишҳои  агентиро, ки  мақсад  аз  онҳо  танзими  фаъолияти   сохторҳои   ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ  дар   мубориза бо   гардиши  ғайриқонунии  маводи   нашъаовар  аст,  ба дараҷаи баланд  арзёбӣ  кард.
 
 

Февраль 5, 2014 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!