Муҳокимаи муқаррароти қонун
Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дод.
Ба иттилои манбаъ дар кори ҷаласа раиси кумита Абдураҳим Холиқов, муовинони раиси кумита, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Хадамоти гумрук, КВД “Тоҷиккино”, Кумитаи телевизион ва радио, раисони комиссияҳои коршиносони вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳри Душанбе, директорони матбаа, нашриёт ва студияҳои сабти маводи аудиовизуалӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва фурўшандагони мағоза ва дўконҳо иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур як силсила масоили ҷорӣ роҷеъ ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баррасӣ гардида, иштирокдорон ҷиҳати дарёфти роҳҳои татбиқи босамари он ва рафъи мушкилоти ҷойдошта табодули назар намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






