Муҳокимаи самтҳои рушд миёни Нуриддин Саидов ва Дирк Меганк
Душанбе, 12.02.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Ҳайати директорати генералӣ оид ба рушд ва ҳамкориҳои Комиссияи Аврупо аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 феврал дар Душанбе дидан кард.
Аз Вазорати маорифи кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов ва директори шуъбаи кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи уқёнуси Ороми директорати мазкур Дирк Меганк самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, махсусан дар самти маорифу илм баҳои баланд дода, омодагии вазоратро барои ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар дар самти таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ изҳор дошт. Ҳамзамон вазир дар бораи зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти фарогир, фарогирии кӯдакон ба таҳсил, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ маълумоти муфассал дод.
Дирк Меганк ба фарогирии кӯдакон ба таҳсил ва шароити фароҳам барои онҳо таваҷҷуҳ намуда, самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаро пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки муҳокимаи масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар вохӯриҳои минбаъда идома ёфта ва самтҳои асосии рушди ин ҳамкориҳо тасдиқи худро хоҳанд ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






