Муаррифии марҳалаи дуюми лоиҳаи оид ба обтаъминкунӣ
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Мавзӯъҳои асосии ҷаласаи навбатии Шабакаи ташкилотҳои мушорикон оид ба обтаъминкунӣ ва санитарияи устувор, ки имрӯз, 12 феврал, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иборат аз муҳокима ва тарҳрезии стратегияи Шабака барои чор соли наздиктарин, ҳамчунин муаррифии марҳалаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунӣ ва санитария дар Тоҷикистон мебошад. Барномаи мазкурро ҳукумати Швейтсария тавассути Агентии рушду ҳамкории ин кишвар маблағгузорӣ намуда ва зимни ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ аз ҷониби Оксфам дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.Тавре ки аз намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин марҳалаи дуюми Лоиҳаи оид ба обтаъминкунии деҳот ва санитария дар водии Фарғонаи Тоҷикистон, ки онро Агентии рушду ҳамкории Швейтсария маблағгузорӣ менамояд, муаррифӣ мегардад. Мақсад аз ин лоиҳа беҳдошти тансиҳатию беҳбудии мардуми деҳот бо усули ҷорӣ намудани системаи устувори обтаъминкунӣ ва беҳтар сохтани танзифоти хонаводаҳо мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






