Муаррифии татқиқоти нав

Февраль 20, 2014 15:43

 Душанбе, 20.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ғайримарказкунонии  фискалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, омилҳои асосӣ ва дурнамо»-  таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе суҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки созмондиҳандаи он котиботи назди  Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аст.
      Чорабинии мазкур дар доираи  лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» созмон дода шуда, дар он намояндагони кумитаҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат ва Бонки ҷаҳонӣ ширкат доштанд.
     Ҳадафи нишасти мазкур  мусоидат ба амалишавии ислоҳот дар самти идораи молияи давлатӣ тавассути беҳгардонии муносибатҳои  байнибуҷетист. Зикр гардид, ки аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди  устувори иқтисоди кишвар,  баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. 
 Дар нишаст натиҷаи татқиқоти ғайримарказкунонии  фискалӣ дар кишвар, ки аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Пол Бернд тибқи дархости  котиботи назди Кумитаи  иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид.

Февраль 20, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад