Муаррифии татқиқоти нав
Душанбе, 20.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ғайримарказкунонии фискалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, омилҳои асосӣ ва дурнамо»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе суҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки созмондиҳандаи он котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аст.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» созмон дода шуда, дар он намояндагони кумитаҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат ва Бонки ҷаҳонӣ ширкат доштанд.
Ҳадафи нишасти мазкур мусоидат ба амалишавии ислоҳот дар самти идораи молияи давлатӣ тавассути беҳгардонии муносибатҳои байнибуҷетист. Зикр гардид, ки аз сӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар нишаст натиҷаи татқиқоти ғайримарказкунонии фискалӣ дар кишвар, ки аз ҷониби мушовири байналмилалӣ Пол Бернд тибқи дархости котиботи назди Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






