Мубодилаи санади тасвибӣ миёни Тоҷикистону Русия
Душанбе, 6.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар — Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.Тавре зикр гардид, кунун марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Русия оғоз ёфт. Владимир Путин, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон, бешубҳа аз шарикони афзалиятноки стратегии мо аст ва шодам аз имкони мулоқот ва суҳбати имрӯза”.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






