Муфаттиши Прокуратураи ҳарбӣ дастгир шуд

Февраль 27, 2014 10:56

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Фозилҷон Азизуллоев аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан  дар гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ дастгир  шуд. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, номбурда аз 16 сентябри соли 2011 дар вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе кор карда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҷинояти гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ даст зад. Чунончӣ, 03 феврали соли 2014 муфаттиш Ф. Азизуллоев нисбат ба сарбози қисми ҳарбии 5453 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Раҳмонов  бо моддаи 387 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятии №64581 оғоз карда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор додааст. 
Зимни тафтиши пешакӣ Ф. Азизуллоев  қасдан ва бо ғараз, назди худ бо баҳонаи пурсиш сарбоз Абдуқодир Ҳотамовро, ки дар ҷои ҳодиса қарор дошт, даъват карда, ба номбурда таҳдид намуд, ки ӯро ҳамчун ёвари сардори қаровул барои беназоратӣ аз болои сарбоз Ҷ. Раҳмонов  — посбони баст ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашад. 
Фозилҷон Азизуллоев аз рӯи қасди ҷиноятиаш амал намуда, дар доираи ваколатҳои мансабии худ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидани сарбоз А. Ҳотамов  аз падараш С. Ҳотамов ба сифати пора маблағи 2500 доллари ИМА талаб кард ва 1200 доллари ИМА-ро гирифта, овардани  пули боқимондаро талаб кард. 
Дар ин хусус, 23 феврали соли 2014 нисбат ба  муфаттиш Ф. Азизуллоев бо банди “в” қисми 4 моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21-40 зимни гузаронидани чораҳои тафтишотӣ-фаврӣ ӯ баъди дар дохили мошинаш аз С. Ҳотамов  ба сифати пора гирифтани қисми боқимондаи маблағ- 1300 доллари ИМА дастгир шуда, аз дохили бордончаи мошин маблағи 1300 доллари ИМА ва аз ҳамёнаш маблағи 1200 доллари ИМА-и қаблан гирифтааш ёфта гирифта шуд. 
26 феврал нисбат ба Ф. Азизуллоев  бо қарори Суди ҳарбии гарнизони Душанбе чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд. 
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Февраль 27, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд