Муколама аз рӯи ҳуқуқҳои инсон
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе даври панҷуми Муколама оид ба ҳуқуқҳои инсони байни Тоҷикистон ва Швейтсария баргузор гардид. Мақсад аз доир намудани муколамаи ҳарсола ҷамъбасти натиҷаи фаъолият тайи соли гузашта аз нигоҳи иҷрои ӯҳдадориҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аст.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Музаффар Ашӯров ва ҳайати Швейтсарияро сафир, намояндаи махсус оид ба ҳуқуқҳои инсони Вазорати федералии корҳои хориҷии Швейтсария Паул Коллер ба ӯҳда доштанд.
Дар ҷараёни муколама масоили таҳия ва омӯзиши хулосаи Шӯрои оид ба ҳуқуқҳои инсон ва хушунат дар оила, муҳоҷират, муборизаи зидди азияту шиканҷа, ҳукми қатл, ҳамчунин масоили манзил мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Муколамаи навбатӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон соли 2015 дар Швейтсария баргузор мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






