Муколама дар мавзӯи ҳуқуқҳои инсон
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 10 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳайати Конфедератсияи Швейтсария бо роҳбарии сафир оид ба масоили ҳуқуқҳои инсони Раёсати федералии корҳои хориҷии Швейтсария Паул Колер баргузор гардид. Ҳайат барои иштирок дар муколамаи панҷум оид ба ҳуқуқҳои инсони байни Тоҷикистон ва Швейтсария ба шаҳри Душанбе омадааст.Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқҳои инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки амалияи доир намудани муколама аз рӯи ҳуқуқҳои инсон барои мубодилаи таҷриба ба манзури беҳдошти вазъи ҳуқуқҳои инсон имконияти хуберо фароҳам месозад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






